ЛЕВАКАНТ: КУШОДАШАВИИ МАЙДОНЧАҲОИ ТАНДУРУСТИВУ ИСТИРОҲАТИИ КӮДАКОН

.

Тибқи нақша-чорабинии Раёсати маорифи вилояти Хатлон дар муассисаи таълимии томактабии №2-и шаҳри Левакант имрӯз 11-уми июн, майдончаҳои тандурустии истироҳатии кӯдакона дар давраи таътили тобистона оғоз гардид. Бахусус, кушодашавии чунин майдонча бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, собиқадорони меҳнат, бахши маорифи шаҳр, гузарониданида шуд.

 

Чунин як чорабинии фарҳангӣ, ки саропо аз ҳунарнамоии дуструякони муассисаи таълимии томактабии №2 иборат буд, манзури иштирокдорон гардонида шуд.

Раиси ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Султонов Ҳикматулло мавсими нави истироҳату фароғатро барои кӯдакон шодбоши намуд. Оид ба ҳадафи ташкил ва гузаронидани чунин чорабиниҳо табодули афкор шуда, бораи ҷалби кӯдакону наврасон ба лагерҳои истироҳативу фароғатӣ ва тандурустӣ тавсияҳо дода шуд.

Гуфта шуд,ки дар ин давра набояд, ки кӯдакону наврасон бекор монанд. Тамоми вақтҳои онҳо бояд тақсимбандишуда ба омӯзиш ва дигар чорабиниҳо пур карда шаванд. Зеро сарчашмаи ҳамаи амалҳои номатлуби наврасон аз бекоргардӣ ва беназоратии онҳо мебошад.

Ҳамзамон дар мавсими нав ҳавзи оббозии кӯдакони муассиса фаъол гашта, бо даъвати шоҳи обӣ кӯдакон хурсандона ба оббозӣ пардохтанд.

Сайдалиева Маҳбуба мудири муассиса ҳамзамон дар суҳбат ба мо гуфт, ки дар вақти таътили тобистона лагерҳои истироҳату фароғати кӯдакон оғоз гардида, таъмири бино ва синфхонаҳо низ ба роҳ монда шудааст.