ЛЕВАКАНТ: ШАНБЕГӢ ДАР КӮЧАИ МАРКАЗӢ

.

Имрӯз шанбе 27-уми июл, дар шаҳри Левакант бо ҷалби тамоми ташкилоту корхонаҳо шанбегии умумишаҳрӣ ташкил карда шуд. Дар ин ҳашари шанбегии дастаҷамъона кормандони соҳаҳои иқтисод, маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва ҷавонон фаъолона иштирок намуда, беш аз ҳазор метр ҷуйҳои обравӣ кучаи марказиро аз хоку лой тоза намуда, барои хобонидани латокҳои бетонӣ омода карданд.
Инчунин дар ҳамин рӯз атрофи дарахтон ва гулу буттаҳои шафати роҳи кӯчаи марказиро нарм намуда, саҳми худро дар шанбегӣ гузоштанд.
Боиси зикр аст, ба пешвози ҷашни бузурги миллӣ, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дар шаҳри Левакант, ҳамарӯза корҳои ободонию созандагӣ ва зебогардонӣ ҷараён дошта, сокинон талош доранд, ки бо дастовардҳои назаррасу арзанда 33-солагии Истиқлоли давлатиро сазовор истиқбол бигиранд.