ЛЕВАКАНТ: ВОХӮРӢ БО ДАЪВАТШАВАНДАҲО

.

Бедор кардани ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва ҷалби онҳо барои хизмати Модар-Ватан дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи фаъолон ва ҳар як шаҳрванд мебошад.
Имрӯз 24-уми июл, бо ташаббуси раиси Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Левакант-Султонов Ҳикматулло ва масъулини бахши хадамоти муҳоҷират, рӯзномаи шаҳрии “Нури Сарбанд”, Почтаи тоҷик дар шаҳри Левакант бо таълимгирандагони Кумитаи шаҳрии ТҶММ дар шаҳри Левакант, вохӯрӣ гузаронида шуд.
Раиси Ташкилоти собиқадорон-Султонов Ҳикматулло, аввалан аз ҷавононе, ки ихтиёран ба хизмати Модар-Ватан мераванд ва инчунин аз падару модароне, ки чунин фарзандони баору номусро ба воя расонидаанд изҳори сипос намуд. Сипас иброз дошт, ки хизмати Модар-Ватан дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзи ҷавонмарди буда, ҳар як ҷавони солимфик бояд ин қарзро адо намояд. Инчунин ӯ зикр намуд, ки хизмати ҳарбӣ ба ҳар ҷавонмард мактаби шуҷоату мардонагист, ки дар он вақт ҷавон ба марди ҳақиқи табдил меёбаду дар зиндагӣ роҳу равиши худро интихоб мекунад.
Бояд гуфт, ки бо иқдом ва маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, як гурӯҳ ҷавононе, ки ихтиёран барои хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Комисарияти ҳарбии шаҳр ариза додаанд, барои гирифтани шаҳодатномаҳои ройгони ронандагӣ ба курсҳои кутоҳмудати ронандагӣ дар КШ ТҶММ-и шаҳри Левакант ҷалб гардидаанд. Ва онҳо дар рӯзи аввали сафарбарии ҷавонон бо шаҳодатномаҳои ройгони ронандагӣ таъмин гардида ба хизмати ҳарбӣ гуселонида мешаванд. Ин иқдом чанд соли охир аст, ки ба хотири ҳавасмандгардонии ҷавонон аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр амалӣ карда мешавад.