ЛЕВАКАНТ: ФАРЗАНДАТРО АЗ ХАТАРИ ҒАРҚШАВӢ ЭМИН НИГАҲ ДОР!

.

Бо гармшавии ҳаво ва ба таътили тобистона баромадани кӯдакону наврасон ташвишу изтироби сокинон зиёд мегардад. Зеро кӯдакону наврасон новобаста аз он ки ҳунари шиноварӣ доранд ё не ба оббозӣ майлу рағбат ва шавқи зиёд доранд. Табиист, ки истироҳати тобистона наметавонад бе оббозӣ гузарад, вале мутаассифона, бархе аз шаҳрвандон, бахусус кӯдакону наврасон ва ҳатто ҷавонон ҳангоми оббозӣ ғарқ мешаванд, ки дар баъзе маврид он боиси ба ҳалокат расидани онҳо мегардад.
Ба иттилои сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Левакант-Холиқов Манучеҳр, дар шаҳри Левакант низ бо вуҷуди корҳои таблиғотию ташвиқотӣ ва пешгири аз ғарқшавӣ ҷавонону наврасон ҳамарӯза дар ҷойҳои хавфнок оббозӣ мекунанду ба ҷони худ хатар эъҷод менамоянд
Тибқи гуфтаи ӯ имрӯз 23-юми июл, ҳангоми як рейди муштараки гурӯҳи корӣ дар соҳили каналҳое, ки шиддати обаш ниҳоят баланд аст бо ҷавонон вомехӯранд. Ба онҳо тавсия медиҳанд, ки дар чунин ҷойҳо оббозӣ кардан қатъиян манъ аст ва ҷони худро зери хатар нагузоранд. Аммо ҷавонон беэътибори карда, ба тавсияи мутахассисон гуш намедиҳанду боз ба оббозӣ машғул мегарданд.
Боиси зикр аст, ки аз тарафи гурӯҳҳои корӣ ва масъулини бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Левакант, ҳамарӯза корҳои таблиғотию ташвиқотӣ ва пешгири аз ғарқшавӣ гузаронида мешавад, вале дар ҳама ҳолат дида мешавад, ки масъулияти падару модар дар назорат ва тарбияи фарзанд камтар буда, волидайн нисбати фарзандонашон бепарвоӣ мекунанд, ки ин оқубати хуб надорад.
Масъулини бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Левакант, аз тамоми падару модар ва сокинон хоҳиш менамоянд, ки фарзандони худро беназорат нагузоранду аз хатари ғарқшавӣ ва дигар ҳолатҳои фавқуллода эмин бошанд.