ЛЕВАКАНТ: РИОЯИ ТАЛАБОТ ҲАТМИСТ
Гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, иборат аз роҳбари дастгоҳи раис-Сайфиддинзода Абдуҷаббор, ҳуқуқшиноси Мақомоти иҷроия, масъулини бахшҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ, кор бо занон ва оила, ҷамаоати шаҳраки “Сарбанд”, ШВКД дар шаҳр, КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант, соҳаи тандурустӣ дар кӯчаҳои шаҳр ва назди биноҳои баландошёна корҳои таблиғотӣ гузаронида, тозагию ободониро низ бо ҷалби сокинон ба роҳ монданд.
Дар ин рӯз ҳайати гурӯҳи корӣ дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки “Сарбанд” ҷиҳати пешгири аз савдои кӯчагӣ ва дигар бетартибиҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ намуда, таъкид доштанд, ки камбудиҳо дар кутоҳтарин фурсат бартараф гардида, ободонию тозагӣ дуруст ба роҳ монда шавад.
Инчунин дар доираи ҳамин ташаббус бо сокинон оиди пешгири аз омилҳои номатлуб, экстремизму терроризм, хурофотпарастӣ, зиёдаравӣ, таълимоти ғайриқонунии диннӣ, пешгири аз таблиғи фарҳанги бегона ва пушиши сатру ҳиҷоб, риояи талаботи шаҳрнишинӣ ва маданияти шаҳрнишинӣ таъкидҳои махсус карда шуд.