ЛЕВАКАНТ: МАСЪАЛАГУЗРИҲО ДАР ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ

.

28-уми агуст, дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр-Муминзода Мастура Табарӣ Шӯрои ҳамоҳангсозии соҳаи тандурӯстии шаҳр баргузор гардид.
Дар кори Шӯро дар баробари аъзоён, мудирони шуъбаю бахшҳои Мақомоти иҷроия, намояндагони Раёсати тандурӯстии Вилояти Хатлон, масъулини соҳаи тандурӯстии шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, раисони Кумитаҳои маҳал, ҷомеаи руҳониён ва намояндагони лоиҳаи “Модари солим-кӯдаки солим” иштирок намуданд.
Баъди муаррифии барнома ва мақсаду вазифаҳои вохӯрӣ, чанд масъала: Барномаи 1000 рӯзи миллии комуникатсионӣ, Барномаи Шарикӣ бо ҷомеа дар масъалаҳои саломатӣ, беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак, фаъолияти маркази репродуктиви дар 8-моҳи соли 2024, натиҷаҳои санҷиши фаъолияти кормандони тиббӣ сатҳи деҳаҳои шаҳри Левакант, хизматрасонии тиббӣ дар Беморхонаи марказӣ ва шуъбаи таваллуд, ҷалби ҷомеа ва сафарбаркунии он дар масъалаҳои саломатӣ, беҳтар кардани Барномаи рақамикунонӣ дар байни кормандони тиб оиди бақайдгирии занҳои ҳомила ва кӯдакони то 5-сола мавриди матраҳи аъзоёни Шӯро қарор гирифт.
Муминзода Мастура Табарӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр-зимнан зикр намуд, ки дар масъалаи саломатӣ ва ҷомеаи солим бояд тамоми сохторҳо ва ходимони дин саҳмгузор бошанд. Зеро имрӯзҳо тариқи гурӯҳҳои корӣ дар масъалаҳои тозагӣ, гигиенаи шахсӣ, пешгири аз бемориҳои сироятию ғайрисироятӣ, саривақ эмгузаронӣ кардан ва дигар масъалаҳои вобаста ба саломатӣ ходимони дин низ ҷалб гардида корҳои таблиғотӣ мебаранд.
Ҳамзамон вобаста ба чанд масъалаи муҳими вобаста ба соҳаи тандурустӣ, сардухтури Беморхонаи марказӣ Эмомов Ҳусейн, роҳбари Муассисаҳои КАТС-и шаҳр Ғуломов Баҳодур ва дигар аъзоёни Шӯро маърӯза карданд.
Инчунин ҳамоҳангсози лоиҳаи “Модари солим-кӯдаки солим” дар сатҳи маҳал-Матлуба Умарова ва менеҷери кор бо ҷомеа дар масъалаи саломатии модару кӯдак-Хайринисо Аҳмадова вобаста ба вазъи мушкилоти соҳаи тандурустӣ ва муваззаф будани аҳли ҷомеа дар масъалаи саломатӣ бо таҳлилҳои дақиқ баромад карданд.