БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ВАСЕЪ ВА МАШВАРАТИ АВГУСТИИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФИ ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ

.

23-юми август, дар толори Касри Фарҳанги шаҳри Левакант машварати августӣ ва маҷлиси васеи кормандони соҳаи маорифи шаҳр баргузор гард.
Қабл аз оғози чорабини дар долони Қасри Фарҳанг қабули масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, намояндаи Раёсати маорифи вилояти Хатлон ва дигар меҳмонон аз тарафи омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълими сурат гирифта, намоиши дастовардҳои бахши маорифи шаҳр давоми соли хониши 2023-2024 пешкаши меҳмонон гардонида шуд. Мудири бахши маориф Раҳимов Файзулло аз дастоварду комёбиҳои хонандагону омӯзгорон ба меҳмонон маълумот дод.
Дар толори Қасри Фарҳанг маҷлиси васеъ ва машварати августии кормандони соҳаи маориф бо ҳузури иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Муминзода Мастура Табарӣ, намояндаи Раёсати маорифи вилояти Хатлон-Азизов Лутфулло ва дигар меҳмонону намояндагон оғоз гардид. Мудири бахши маориф Раҳимов Файзулло маҷлисро оғоз намуда, доир ба дастоварду комёбӣ ва камбудиҳо дар соҳаи маориф давоми соли хониш маърӯза намуд.
Сипас Муминзода Мастура Табарӣ зимни баромади худ тамоми омӯзгорону собиқадорони соҳа ва хонандагонро ба ин рӯз табрик намуда, ба омӯзгорону хонандагон барои фаъолноки дар ободонӣ ва корҳои ҷамъияти изҳори сипос намуд.
Инчунин пас аз маърӯзаву баромадҳо як қатор омӯзгорони собиқадору фаъол ва хонандагоне, ки дар озмунҳои шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявию байналмилалӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардида буданд, бо «Сипоснома», «Ифтихорнома» ва туҳфаҳои хотиравии МИҲД-и шаҳри Левакант ва бахши маорифи шаҳр сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамзамон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ин рӯз собиқадорони соҳаи маориф, бо туҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ гардиданд.
Дар охир барномаи консертии омодакардаи бахши фарҳанги шаҳр ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо суруду таронаҳои ватандӯстона пешкаши иштирокдорони чорабинӣ гардонида шуд.