ТАҶЛИЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР ДОНИШКАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЛЕВАКАНТ

.

 
7-уми сентябр, ҷиҳати таҷлили сазовори 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи байналмилалии Леваканти ДБССТ чорабинии сатҳи баланд бо иштироки ректори Донишгоҳ профессор Асрорзода Убайдулло Саттор баргузор гардид.
Ректори Донишгоҳ профессор Асрорзода Убайдулло Саттор кулли омӯзгорону донишҷӯёни Донишкадаи байналмилалии Левакант, Коллеҷи саноат ва хизматрасониҳои иҷтимоии шаҳри Левакант ва омӯзгорону хонандагони Литсей касбии саноати кимиёи шаҳри Левакант, ки аз сохторҳои таркибии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маҳсуб меёбанд ба ифтихори 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, барояшон дар фаъолияти меҳнатӣ барору комёбиҳои рӯзафзун таманно намуд.
Қайд гардид, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бузургтарин дастоварди мардуми шарифи мо ба ҳисоб меравад, ки бо иродаи қавӣ ва талошҳои фидокоронаи абармарди дунёи сиёсат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвари ҳамаи тоҷикони ҷаҳон, Қаҳрамони Тоҷикистон – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва миллати бафарҳанги тоҷик дар фазои сулҳу ваҳдат амалӣ гардид. Истиқлол на танҳо ба мо имкон дод, ки арзишҳои миллиамонро эҳё намоем, балки шароит фароҳам овард, ки заминаи пойдории давлатдории миллиро низ мустаҳкам гардонем.
Ректори Донишгоҳ бо ифтихори баланд иброз намуданд ки яке аз муҳимтарин дастовардҳои истиқлол, ин тақвияти низоми маориф ва рушди илм дар кишвар мебошад. Воқеан, дар сиёсати иҷтимоии давлат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтар барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб рафта, Ҳукумати ҷумҳурӣ барои рушди ин соҳаи муҳимми низоми иҷтимоӣ ҳамаи чораҳои заруриро роҳандозӣ карда истодаааст.
Имрӯз бо ифтихор метавон гуфт, ки таъсиси Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамчун воҳиди сохтории донишгоҳ, яке аз дастовардҳои муҳим дар роҳи татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар барои рушди илму маориф мебошад. Ҳадафи мо фароҳам овардани шароитҳои беҳтарини таълимӣ ва тадқиқотӣ барои ҷавонон аст, ки дар оянда ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар саҳми арзанда гузоранд.
Он муассисаҳои таълимии Левакант, ки воҳидҳои сохтории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд, дар таълиму тарбияи насли ҷавон ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисос саҳми арзанда доранд. Дар робита ба ин, мехоҳам қайд намоям, ки имсол аз таъсиси Литсейи касбии саноати кимиёи шаҳри Левакант 60 сол пур шуд. Ин муассиса, ки бо қарори Шурои Вазирони Ҷумҳурии Шуравии сотсиалистии Тоҷикистон аз 25 июни соли 1964, № 168 ҳамчун Омӯзишгоҳи касбию техникии № 40-и шаҳри Калининобод таъсис ёфта буд, дар давоми фаъолияташ садҳо мутахассисони соҳибкасбро барои соҳаҳои муҳими кишвар омода кардааст.
Боиси ифтихори бузург аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, солҳои 1969-1971 дар ҳамин Литсейи касбии техникӣ таҳсил намудаанд. Ин таърихи ифтихорбахш нишон медиҳад, ки литсейи мазкур дар рушди таълим ва тарбияи кадрҳои соҳаҳои саноат нақши муҳим бозидааст ва то имрӯз ин анъанаи некро идома медиҳад.
Ректори Донишгоҳ дар интиҳои баромади хеш қайд намуданд, ки "Бо самимияти комил, ба ҳар яки шумо саломатӣ, муваффақият ва комёбиҳои нав ба навро орзу менамоям! Бигзор Истиқлоли давлатии Тоҷикистони азиз ҳамеша поянда ва устувор бимонад. Мо, фарзандони ин миллат, бояд онро бо эҳсоси ифтихор ҳифз намуда, барои таҳкими бештар ва пешрафти Ватани маҳбубамон бо азму талоши бепоён хизмат кунем, то номи Тоҷикистони азиз дар ҷаҳон ҳамеша баланд ва сарфароз бошад".
Сипас, дар доираи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат як зумра омӯзгорону кормандони муассисаҳои таълимии Левакант, ки воҳидҳои сохтории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд, бо "Ифтихорнома"-и Донишгоҳ ва маблағҳои ҳавасмадӣ қадрдонӣ гардиданд.