ЛЕВАКАНТ: ЛИБОСИ МИЛЛӢ-ИФТИХОРИ МАН
6-уми сентябр, масъулини бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант тибқи нақша-чорабиниҳо бахшида ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳни Муассисаи давлатии таълимии «ЛКСК»-и ДБССТ дар шаҳри Левакант, Аксияи «Мо тоҷикона мепӯшем»-ро бо пӯшиши либоси миллӣ роҳандозӣ намуданд.
Дар ин аксия занону бонувон ва гулдухтарони шаҳр бо пӯшидани либосҳои миллӣ иштирок намуда, бори дигар исбот намуданд, ки либоси миллии тоҷикона мавқею моқоми хоссаи худро дорад. Онҳо либоси миллии тоҷиконаро ба бар намуда ифтихор намуданд, ки тоҷиканду тоҷикона мепӯшанд ва ҳамеша либоси миллиро ба бар хоҳанд кард.