ЛЕВАКАНТ: ОБОДОНИЮ ГУЛШИНОНИ ДАР НАЗДИ МУАССИСАҲОИ КАТС

.

Кормандони Муассисаҳои КАТС-и шаҳри Левакант, бо истиқбол аз Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5-уми сентябр, дар назди бинои Муассиса, корҳои ободонӣ гузаронида гулшинонию тозакориҳо карданд.
Дар ин рӯз ба хотири зебогардонӣ ва зебоипарастӣ 1200 ниҳоли гулҳои мавсимӣ шинонида шуд.
Масъулин иброз доштанд, ки ин иқдом идома дошта, онҳо саъю талош мекунанд, ки дар рӯзҳои дигар низ гулшинонию ободониро идома дода, баҳри зебогардонии шаҳри Левакант саҳми худро гузоранд.