ЛЕВАКАНТ: ФУТБОЛБОЗОНИ НАВРАС ДАР БОЗИИ ДӮСТОНА ҒОЛИБ ОМАДАНД

.

3-юми октябр, дар варзишгоҳи марказии шаҳри Левакант, байни дастаҳои навраси «Сарбанд»-и шаҳри Левакант ва «Зарнисор»-и ноҳияи Вахш бозии дӯстонаи футбол баргузор гардид.

Бози хеле хуб ҷараён гирифта бо ҳисоби 5 бар 2 ба фоидаи футболбозони навраси дастаи «Сарбанд»-и шаҳри Левакант анҷомид.

Ин натиҷа аз он гувоҳи медиҳад, ки футболбозони навраси мо тамрини хуб мекунанд ва мурабиён кушиш доранд, ки дар рушди минбаъдаи футбол саҳми назарраси худро гузоранд.