ЛЕВАКАНТ: МАҶЛИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ
Санаи 22 январи соли 2025 дар толори СН-Вахш, Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант бо иштироки аъзоёни КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант, узви раёсати Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демоктарии Тоҷикистон Муминзода Мастура Табарӣ, раиси Комиссияи хавзаи интихоботии шаҳри Левакант Нигматов Чумахон – муовини раиси шаҳри Левакант Шоҳиен Саъдулло инчунин аъзои Кумитаи иҷроияи шаҳри иштирок ва суханрони намуданд.
1.Натиҷагирӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант дар соли 2024 ва вазифагузориҳо барои фаъолияти минбаъда.
2.Тасдиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант барои соли соли 2025.
3.Дар бораи пешбарӣ намудани номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон
4.Дар бораи пешбарӣ намудани номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант дар 30- ҳавзаҳои интихоботии шаҳри Левакант.
5.Масъалаҳои ҷорӣ.
Аз рӯи масъаи якуми рӯзномаи маҷлис раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант Олимзода Низора баромад намуда, оиди ба ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант дар соли 2024 ва вазифагузориҳо барои фаъолияти минбаъда маълумот дод. Аз рӯи ин масъала лоиҳаи қарор ба овоз монда шуда, аз ҷониби аъзои КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант дастгири ёфта, қарор қабул карда шуд.
Аз рӯи масъаи дуюми рӯзномаи маҷлис “Дар бораи тасдиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант барои нимсолаи якуми соли 2025” раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант Олимзода Низора баромад намуда қайд намуд, ки аз рӯи масъалаи мазкур лоиҳаи қарор ва нақшаи чорабиниҳо омода ва дастраси аъзои Кумитаи иҷроия гардида ва шинос гардиданд. Аз рӯи ин масъала лоиҳаи қарор ба овоз монда шуда, қарор қабул карда шуд.
Аз рӯи масъаи сеюми рӯзномаи маҷлис “оид пешниходи номзад аз ХХДТ ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон номзадии узви Кумитаи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант шаҳри Левакант, раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табари пешниҳод карда шуд. Аз рӯи ин масъала лоиҳаи қарор ба овоз монда шуда, аз ҷониби аъзои КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант дастгири ёфта, қарор қабул карда шуд.
Аз рӯи масъаи чоруми рӯзномаи маҷлис “Дар бораи пешбарӣ намудани номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант дар 30 адад ҳавзаҳои интихоботии шаҳри Левакант раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант Олимзода Н баромад намуда қайд намуд, ки аз рӯи ҳамин талабот ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант дар ҳавзаҳои интихоботии қаламрави шаҳри Левакант барои пешбарии номзадҳоро тибқи рӯйхат пешниҳод намуд. Аз рӯи ин масъала лоиҳаи қарор ба овоз монда шуда, аз ҷониби аъзои КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант дастгири ёфта, қарор қабул карда шуд.
Масъалаҳое, ки барои муҳокимаи Маҷлиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант пешниҳод шуда баррасӣ гардиданд ва Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант аз ҷониби раисикунанда пӯшида эълон гардид.
Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант.