ЛЕВАКАНТ: ШУДГОР ВА КОРҲОИ АГРОТЕХНИКИ ДАР САТҲИ ЗАРУРИ БА РОҲ МОНДА ШУДААСТ

.

Дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти самаранокистифодабарии замин ва рӯёнидани ду-се ҳосил аз як замин, меҳнаткашону барзгарони шаҳри Левакант сармашқи кори худ намуда, корҳои агротехникиро дар сатҳи зарури ба роҳ мондаанд. Дар ин шабу рӯз шудгори босифати заминҳои кишт, аз ҷониби хоҷагиҳои пахтапарвари «Бобои Муҳриддин», «Баракати ҳамкорон», «Зарзамини Левакант», «Бӯстон-2013», «Баракати Боҳтуробод» «Муҳаммадҷон» ҷараён дошта, башаклдарории дарахтони боғот ва ниҳолони лиму дар гармхонаҳо бомаром идома дорад.

 

Ба иттилои масъулини бахши кишоварзии шаҳр дар маҷмуъ шаҳри Левакант дорои 1560 гектар замини кишт мебошад, ки то ба имрӯз дар ҳамаи хоҷагиҳои деҳқонӣ 1490 гектар замин шудгор шудааст, ки 96%-и нақшаи дурнаморо дар бар мегирад. Аз ин ҳисоб дар 270 гектар замин зироатҳои барвақти кишт шудааст, ки 115%-и нақшаро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон дар шаҳри Левакант, 3 хоҷагии ниҳолпарвар-«Пайванд», «Мавлон» ва «Абдувалӣ» дар 4,3 гектар замин ба ниҳолпарварӣ ва гулу буттаҳои ороишӣ машғуланд, ки ҳамасола беш аз 40-ҳазор ниҳол ва гулу буттаҳои ороиширо парвариш намуда, пешкаши мизоҷон мегардонанд. Чун мавсими нави ниҳолшинонист, ниҳолпарварон мувофиқи талабот як миқдори ниҳол ва гулу буттаҳои ороиширо барои таъмини зебогардонии шаҳр ва қисмати боқимондаро пешкаши мизоҷон мегардонанд. Завқмандону зебоипарастон бошанд аз ниҳолпарварони шаҳр мувофиқ ба табъу завқи худ ниҳолони гуногунро харидорӣ менамоянд.

Натиҷаи чунин заҳмати шабонарӯзист, ки меҳнаткашони шаҳри Левакант ҳамасола аз иҷрои нақшаи пахта ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ саривақт мебароянду бозорҳои мамлакатро бо маҳсулоти худи таъмин менамоянд.