ЛЕВАКАНТ: ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ КОРӢ ДАР ДЕҲАИ БОҲТУРОБОД
Имрӯз 21-уми январ, тибқи нақша-чорабинии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президент ба Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.12.2024 ва баррасии масъалаҳои доғи рӯз, гурӯхи корӣ иборат аз мудири бахши дин,танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Мақомоти иҷроия-Маҳмад Хидирзода, раиси Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнат-Султонов Ҳикматулло, мудири бахши кор бо занони ва оилаи Мақомоти иҷроия-Эшова Боғигул, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш-Сафарзода Шодихон, директори Маркази ТТҲС-Акрамова Суман, раиси ташкилоти ибтидоии собиқадорони ҳифзи ҳуқуқи шаҳр-Қурбонов Ҳошим ва дигар фаъолон дар МТМУ №6, бо омӯзгорон ва сокинони деҳаи Боҳтурободи Ҷ/Д «Гулистон» вохӯрӣ намуданд.
Дар ин вохӯрӣ аз ҷониби гурӯҳи корӣ гуфта шуд, ки аз 1-уми сентябри соли 2025 бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии сокинони мамлакат ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ зиёд намудани музди меҳнати вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз, маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин стипендияҳо 20 фоиз, аз моҳи майи соли 2027 ба истиқлолияти комили энергетикӣ ноил гаштани Тоҷикистон, солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардидан аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Толҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мардуми тоҷик муждаи хубе мебошад.
Аз ин лиҳоз ҳар яки мо бояд бо даст удили гарм, ба халқу Ватан хизмати содиқона намуда, саҳми худро дар пешрафт ва гул-гулшукуфоии Тоҷикистони маҳбуб гузорем.
Инчунин аз тарафи гурӯҳи корӣ бобати фаъолнокии хонандагону омӯзгорон дар Озмунҳои ҷумҳуриявӣ, олимпиадаҳои мактабӣ, тартибу низом, риояи қоидаҳои мактабӣ, ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба китобхонӣ, пешгири аз ҷиноят ва дигар омилҳои номатлуб, пешгири аз хурофот, зиёдаравӣ, таълимоти ғайриқонунии динӣ, пешгири аз пушиши либоси ба фарҳанги миллии мо бегона, пешгири аз экстремизму экстремизм, ҷалби бештари ҷомеа ба корҳои ободонию созандагӣ, тарбияи дурусти фарзанд дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ, сафарбар намудани ҷавонон ба хизмати Модар-Ватан дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, самаранокистифодабарии замину қувваи барқ ибрози назар шуд.
Сокинон низ вобаста ба мушкилу монеаҳо аз масъулин ба суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.