ЛЕВАКАНТ: Ҷ/Ш “САРБАНД” БЕҲТАРИН ДОНИСТА ШУД
Ҷамоати шаҳраки “Сарбанд”-и шаҳри Левакант, дар НОМИНАИ «ШАҲРАКИ БЕҲТАРИН»-и “Озмуни вилоятии беҳтарин шаҳру ноҳияву шаҳраку маҳалаву хонаву деҳот дар соли 2024”, сазовори ҷойи сеюм гардида, ДИПЛОМ-и МИҲД-и вилояти Хатлон ва туҳфаи пули дар фазои тантанавӣ ба раиси ҷамоати шаҳраки “Сарбанд”-Саидқулов Манучеҳр тақдим гардид.
Маросими ҳавасмандгардонии ғолибони “Озмуни вилоятии беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳаллаи аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ дар соли 2024” бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода сурат гирифт.
Ҳадафи озмуни вилоятӣ сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ободонӣ ва самаранок истифодабарии замин, вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, ҷалби сармояи соҳибкорони ватанӣ, мусоидат ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташвиқу тарғиб ва дастрас намудани таҷрибаи пешқадам, гиромидошти арзишҳои ваҳдати миллӣ, таҳкими соҳибистиқлолӣ, тарғиб ва оммавигардонии суннатҳои беҳтарини миллӣ мебошад.