Дасти кумак дароз кардан ба маъюбону ниёзмандон

.

Масъулини бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии Мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дасти кумак дароз кардан ба маъюбону ниёзмандон, маъюби гурӯҳи якум аз деҳаи Нурафшони ҷамоати деҳоти "Ваҳдат" Қурбоналиев Файзалиро бо аробачаи маъюби таъмин намуданд.

 

Бояд гуфт, ки Қурбоналиев Файзали ва оилаи ӯ маъюби гурӯҳи якум буда, 4 фарзанди ноболиғ низ доранд, ки ҳамеша аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, дасгирӣ меёбанду кормандони Маркази хизматрасонии иҷтимоии шаҳр бошанд ҳамарӯза онҳоро нигоҳубину парастори мекунанд.