ЛЕВАКАНТ: ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ БО НАМОЗГУЗОРОН
Тибқи нақша-чорабинӣ, ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президент ба Маҷлиси Олии кишвар, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Мақомоти иҷроичи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант-Маҳмад Хидирзода, сармутахассиси дин, танзими анъна ва ҷашну маросимҳои ҷамоати шаҳраки “Сарбанд”-Маҳмадшоев Меҳриддин, сархатиби шаҳри Левакант-Эмомов Атохӯҷа ва дигар масъулин зимни адои намози ҷумъа бо намозгузорон вохӯрӣ ва фаҳмондадиҳӣ намуданд.
Дар ин вохӯрӣ аз ҷониби гурӯҳи корӣ гуфта шуд, ки ҳамасола, Паём Президент ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нуқтаҳои муҳиму пандҳои ибратомӯз ва суханҳои ҳидояткунандаи Пешвои миллат сурат мегирад. Дар Паёми навбати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешбурди самараноки сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ суханрони намуда, барои боз ҳам рушд бахшидани ин соҳаҳо вазифаҳои мушаххас ва муҳимро ба миён гузоштанд.
Инчунин гурӯҳи корӣ вобаста ба пешгири аз ҷиноят, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, хурофотпарастӣ, бегонапарастӣ, пешгири аз таълимоти ғайриқонунии диннӣ, пешгири аз тарғиби либоси пегона, дасти кумак дароз намудан ба ниёзмандон, пешгири аз зиёдаравӣ дар ҳамагуна маросим ва маъракаҳо, саҳмгузорӣ дар корҳои созандагию ободонӣ дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баромад намуданд.