ЛЕВАКАНТ: ДАР ҲУДУДИ ШАҲР АКСИЯИ ТОЗАГӢ ГУЗАРОНИДА ШУД

.

Имрӯз 10-уми январ, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, дар ҳудуди шаҳр Аксияи тозагӣ гузаронгида шуд.

Дар ин Аксия, масъулини Мақомоти иҷроия, ҷамоати шаҳраки “Сарбанд” кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва дигар ташкилоту корхонаҳо иштирок намуда, тариқи ҳашар дар тозагию ободонӣ саҳм гузошта, назди ташкилоту муассиса, шоҳроҳи Левакант-Бохтар ва кӯчаҳои шаҳрро барои шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ дар мавсими нави кабудизоркунӣ омода карда истодаанд.

 

Ҳамзамон аз ҷониби кормандони Муассисаҳои КАТС-и шаҳр, дар кӯчаи Муассиса як миқдор гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шуд.

Ҳамин гуна ободонию тозакорӣ, ниҳолшинонию сабзкориҳо дар ҳамаи кӯчаю маҳалла ва деҳаҳои ҷамоатҳои деҳоти “Ваҳдат”-у “Гулистон” низ бо ҷалби сокинону фаъолон идома дорад.