ИРОАИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН .
28 декабр дар толори Парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми худро “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуданд.Дар толор раёсати ҳарду маҷлиси Парламент, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазир ва аъзои Ҳукумати кишвар, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти вазорату кумитаҳои давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат,роҳбарияти корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, бонкҳо, тоҷирону соҳибкорони фаъол ва ҷавонони ташаббускор, намояндагони ҳайати дипломатӣ ва воситаҳои ахбори умум ҳузур доштанд.Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, ки бори нахуст дар бинои наву боҳашамати Парламенти кишвар ироа гардид, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешбурди самараноки сиёсати дохилию хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, маориф ва илму фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ҷавонону варзиш ва сайёҳӣ, андозу гумрук, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, рушди муносиботи дӯстию ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушду пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳиро таҳлил намуда, зарур шумурданд, ки дар шароити имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодӣ собитқадамона таъмин шуда, сатҳу сифати зиндагии мардум боз ҳам баланд бардошта шавад.Роҳбари давлат таъкид намуданд, ки рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии кишвар, суботи сиёсӣ ва оромиву осудагии мардуми Тоҷикистон ба таъмини амнияти миллӣ вобаста мебошад.Аз ин ру гуфта шуд, ки ба масъалаҳои омода кардани мутахассисони ба талаботи шароити муосир ҷавобгӯй барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, баланд бардоштани сатҳи касбият ва маҳорату малакаи онҳо, инчунин, таҳкиму тақвияти пояҳои моддиву техникии ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ минбаъд низ эътибори аввалиндараҷа дода мешавад.Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр доштанд, ки мо минбаъд низ барои расидан ба ҳадафҳои муайянгардида ва тавсеаи ҳамкории созандаву дарозмуддат бо ҳамаи кишварҳои олам ва шарикони байналмилалии худ тадбирҳои зарурӣ меандешем.Дар фароварди сухан Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки мо бояд ба хотири пешрафти давлати соҳибистиқлоламон, ободии Ватани аҷдодиамон ва мунтазам беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии ҳар як хонадони мардуми шарафманди Тоҷикистон ҳар рӯз ва ҳамеша саъю талош намоем.
ИҶРОКУНАНДА: ГИРАНДАИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТӢ
ПАРВИЗИ ЗАЙНИДДИН