НАТИҶАҲОИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДАР СОЛИ 2024

.

11-уми январ, дар толори фарҳангии Муассисаи давлатии таълимии “ЛКСК”-и ДБССТ дар шаҳри Левакант, маҷлиси ҷамъбастии солонаи соли 2024 вобаста ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Левакант, баргузор гардид.

Дар маҷлис раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шаробуддинзода Зиёмиддин, муовини сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии МИҲД-и вилояти Хатлон-Давлатов Муҳаммадӣ, муовини раиси шаҳр, роҳбарону намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, мудирони шуюбаъ бахшҳо, роҳбарони ташкилоту корхонаҳо ва дигар фаъолон иштирок намуданд.

ЛЕВАКАНТ: ДАР ҲУДУДИ ШАҲР АКСИЯИ ТОЗАГӢ ГУЗАРОНИДА ШУД

.

Имрӯз 10-уми январ, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, дар ҳудуди шаҳр Аксияи тозагӣ гузаронгида шуд.

Дар ин Аксия, масъулини Мақомоти иҷроия, ҷамоати шаҳраки “Сарбанд” кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва дигар ташкилоту корхонаҳо иштирок намуда, тариқи ҳашар дар тозагию ободонӣ саҳм гузошта, назди ташкилоту муассиса, шоҳроҳи Левакант-Бохтар ва кӯчаҳои шаҳрро барои шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ дар мавсими нави кабудизоркунӣ омода карда истодаанд.

ЛЕВАКАНТ: ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ БО НАМОЗГУЗОРОН

.

Тибқи нақша-чорабинӣ, ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президент ба Маҷлиси Олии кишвар, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Мақомоти иҷроичи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант-Маҳмад Хидирзода, сармутахассиси дин, танзими анъна ва ҷашну маросимҳои ҷамоати шаҳраки “Сарбанд”-Маҳмадшоев Меҳриддин, сархатиби шаҳри Левакант-Эмомов Атохӯҷа ва дигар масъулин зимни адои намози ҷумъа бо намозгузорон вохӯрӣ ва фаҳмондадиҳӣ намуданд.

Дасти кумак дароз кардан ба маъюбону ниёзмандон

.

Масъулини бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии Мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дасти кумак дароз кардан ба маъюбону ниёзмандон, маъюби гурӯҳи якум аз деҳаи Нурафшони ҷамоати деҳоти "Ваҳдат" Қурбоналиев Файзалиро бо аробачаи маъюби таъмин намуданд.

ЛЕВАКАНТ: ИЛОҶИ ВОҚЕА ПЕШ АЗ ВУҚУЪ-СИТОДИ БАР ЗИДДИ МАЛАХ

.

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, бо иштироки раиси шаҳр- Муминзода Мастура Табарӣ ҷаласаи Ситоди корӣ оид ба мубориза бар зидди малах баргузор гардид.

Дар ҷаласа масъулини бахши кишоварзӣ, раисони ҷомаҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва роҳбарони сохторҳои марбутаи шаҳрӣ иштирок намуданд.

Зикр гардид, ки соли ҷорӣ низ эҳтимоли паҳншавии малах дар минтақаҳои кӯҳӣ ва заминҳои кишоварзӣ вуҷуд дорад, аз ин рӯ, аз имрӯз сар карда барои нест кардани ин ҳашароти зараррасон бояд тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.