ЛЕВАКАНТ: ДАР АРАФАИ РӮЗИ АРТИШ САРБОЗОН АЁДАТ ШУДАНД
20-уми феврал, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ, муовини раиси шаҳр-Шоҳиён Саъдулло, масъулини Комиссариати ҳарбии шаҳр, намояндагони КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант, мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант-Эшова Боғигул ва ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр сарбозону афсарони дидбонгоҳи сарҳадии «Панҷоб», қисми ҳарбии 0307-ро ки дар ноҳияи Ҳамадонӣ мавқеъ дорад аёдат намуданд.
Ҳамзамон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, ба сарбозон ҳамчун туҳфаҳои идона бахшида ба 32-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон як миқдор китобу адабиёти тозанашр ва дастархони идона ороста, миқдоре маводи ғизоӣ ва ширинию туҳфаҳо тақдим гардид.
Шоҳиён Саъдулло, сарбозону афсарони ин қисми низомиро аз номи шаҳрдорӣ Левакант бахшида ба 32-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, барояшон хизмати содиқонаву софдилонаро ба халқу Ватан орзу намуд. Ӯ бо дигар намояндагони шаҳри Левакант, дар зиёфати идонаи сарбозон ҳамроҳ шуда, баҳри бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ бо онҳо суҳбат намуд ва таъкид дошт, ки хизмати Модар-Ватанро сарбаландона адо намуда, бо сари баланд ва ифтихори мардонагӣ ба назди падару модари худ баргарданд.
Сипас барои хушҳолӣ ва болидарӯҳии сарбозон аз тарафи ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳри Левакант барномаи рангини консертӣ бо суруду таронаҳои ватандӯстона пешкаш карда шуд.




