ЛЕВАКАНТ: ОМОДАГИИ ДАЪВАТШАВАНДАҲО БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ
Ҳамасола 1-уми апрел, бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи гусели наваскарон дар даъвати баҳорӣ ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Ва то он рӯз Комиссариатҳои ҳарбӣ дар якҷоягӣ бо Мақомотҳои маҳалллӣ ва дигар сохторҳои зиддахл ҷавонони ихтиёриро барои гусел омода мекунанд.
28-уми март, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Левакант-Шодихон Сафарзода, роҳбари КШ ТҶММ дар шаҳр-Ғуломова Гулшан ва масъулини Комисарияти ҳарбии шаҳр аз рафти омодагӣ ва таҳсили ҷавонон дар курсҳои кутоҳмудати ронандагии КШ ТҶММ дидан намуданд. Инчунин ба ҷавонон бори дигар тавсия доданд, ки хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ барои Ватан-Модар қарзи мардонагӣ ва шарафи ҷавонмардист. Бояд ҳар як ҷавонмард ин қарзро сарбаландона адо намояд.
Бояд гуфт, ки барои даъвати навбатии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ шаҳри Левакант пурра омодааст, зеро алакай қисми зиёди ҷавонони бонангу номуси шаҳри Левакант чанде пештар ба Комиссариати ҳарбии шаҳр омада ариза додаанд ва алҳол бошад курси кутоҳмуддати ронандагиро бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ба итмом расонидаанд. Ва онҳо дар рӯзи аввали даъват бо шаҳодатномаҳои ройгони ронандагӣ таъмин гардида, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мепайванданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар даъвати тирамоҳӣ шаҳри Левакант яке аз аввалинҳо шуда, дар рӯзи аввали даъват нақшаи даъвати ҷавононро сарбаландона иҷро намуда буд. Дар ин самт саҳми тамоми сохторҳои маҳаллӣ ва падару модар хелле назаррас мебошад.




