ЛЕВАКАНТ: НАВРӮЗӢ ДАР МДТТ №2-И ШАҲР

.

19-уми март, дар муассисаи давлатии таълимии томактабии №2-и шаҳри Левакант, бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии идона баргузор гардид.

Дар чорабинӣ мудири бахши маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант-Раҳимов Файзулло, маъмурияти муассиса, мураббиёну кормандон, тарбиятгирандагон ва дигар меҳмонон иштирок намуданд.

 

Дар оғоз мудири бахши маорифи шаҳр-Раҳимов Файзулло тамоми иштирокдорон, тарбиятгирандагон ва падару модаронро ба ҷашни фархундаи Наврӯз табрик намуд.

Сипас намоиши ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва намоиши фарҳангии идонаи омодакардаи мураббиёну тарбиятгирандагон манзури иштирокдорон гардонида шуд.

Гулдухтарони муассиса бо шавқу завқи кӯдаконаи худ, шеъру сурудхонӣ намуда, ҳамчун рамзи Наврӯзу баҳор маросимҳои ниёгониро иҷро мекарданду писарон бошанд ҳамчун марди деҳқон сурудхонон намунаи кишту кори баҳориро нишон медоданд.

Қисме аз дӯстрӯякон кафзанон намоиши ҳунари ҳамсолони худро, ки пур аз суннату ананаҳои миллӣ ва хоси наврӯзу баҳор буд тамошо мекарданд.

Бояд гуфт, миёни тамоми идҳое, ки дар саросари ҷаҳон ҷашн гирифта мешаванд, шояд куҳансолтарин ҷашн барои одамизод Наврӯзи хуҷастапайи миллати олитабори мо бошад. Воқеан, агар ба таърихи ҷашну идҳо назар афканем, мебинем, ки аксари ин идҳоро одамон бо судури фармоне баровардаву расм кардаанд, аммо Наврӯз ҷашни қадимтарин барои мардум аст ва он маҳз аз табиат бардошта шудааст, яъне ҳамин рӯз аст, ки шабу рӯз баробар мешаванд. Ин ҷашнест, ки мо хоҳем нахоҳем ва агар дигарон онро дар зоҳир қабул надоранд ҳам, табиат онро қабул мекунад. Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳном»"-и безаволи хеш Наврӯзро қадимтарин мешуморад ва пайдоиши онро ба айёми салтанати Ҷамшед мансуб медонад.

Ба Ҷамшед бар гавҳар афшонданд,
Мар он рӯзро «Рӯзи нав» хонданд.
Сари соли нав Ҳурмузи Фарвардин,
Баросуда аз ранҷ тан, дил зи кин…