ЛЕВАКАНТ: НАВРӮЗӢ ДАР МДТТ №1-И ШАҲР
Имрӯз 18-уми март, дар муассисаи давлатии таълимии томактабии №1-и шаҳри Левакант, бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии идона баргузор гардид.
Дар чорабинӣ маъмурияти муассиса, мураббиёну кормандон, тарбиятгирандагон ва дигар меҳмонон иштирок намуданд.
Дар оғоз мудири Муассисаи давлатии таълимии томактабии №1-и шаҳр-Каримова Дилором тамоми иштирокдорон, тарбиятгирандагон ва падару модаронро ба ҷашни фархундаи Наврӯз табрик намуд.
Сипас намоиши ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва намоиши фарҳангии идонаи омодакардаи мураббиёну тарбиятгирандагон манзури иштирокдорон гардонида шуд.
Гулдухтарони муассиса бо шавқу завқи кӯдаконаи худ, шеъру сурудхонӣ намуда, ҳамчун рамзи Наврӯзу баҳор деги суманакро каф мезаданду писарон бошанд ҳамчун марди деҳқон намунаи кишту кори баҳориро нишон медоданд.
Қисме аз дӯстрӯякон кафзанон намоиши ҳунари ҳамсолони худро, ки пур аз суннату ананаҳои миллӣ ва хоси наврӯзу баҳор буд тамошо мекарданд.
Боиси зикр аст, ки Наврӯз аз қадимтарин идҳои ниёгони буда, ҳанӯз 6000 сол пеш мардуми ориёитабор онро ҷашн мегирифтанд. Имрӯз бошад ин ҷашни бостонию миллиро ҳар як фарди мусалмон бо шукуҳу ҷалоли хосса ҷашн мегиранду онро гиромӣ медоранд.