ЛЕВАКАНТ: «ҲАРАКАТИ БОСМАЧИГАРӢ-НАМУНАИ НАХУСТИНИ ИФРОТГАРОӢ ДАР АСРИ 20»

.

Имрӯз 15-уми март, тибқи нақша-чорабинӣ дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, дар мавзӯи «Ҳаракати босмачигарӣ-намунаи нахустини ифротгароӣ дар асри 20» соати сиёсӣ баргузор гардид.

 

Дар он раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ, устоди калони кафедраи таърихи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон-Давлатшоҳ Маҳмудов, роҳбарони ташкилоту корхонаҳои шаҳрӣ, директорони муассисаҳои таълимӣ иштирок намуданд.

Давлатшоҳ Маҳмудов-устоди калони кафедраи таърихи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон вобаста ба ҳаракат ва бархурдҳои босмачигарӣ ва таъсири манфии он ба халқи тоҷик ботафсил баромад ва шарҳу тавзеҳ кард. Ӯ иброз дошт, ки босмачигарӣ ҳаракати муғризона буда, ба ахлоқ, фарҳанг, тамаддун, оромиши мардум ва барои фалаҷ сохтани ҳокимияти давр таъсири манфии худро мерасонд.

Инчунин Давлатшоҳ Маҳмудов вобаста ба вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон ибрози назар намуда, аз фаъолони шаҳр даъват ба амал оварданд, ки дар тарғиб ва мавриди амал қарор гирифтани ғояҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ташвиқотиро бештар ба роҳ монанд. То ба ин васила дар бедор кардани ҳисси миллӣ ва ватандӯстии ҷавонону наврасон саҳме гузошта тавонем.

Ҳамзамон вобаста ба пешгири аз омилҳои номатлуби терроризму экстремизм, хурофотпарастию ифротгароӣ масъулин ва аҳли толор муҳокимаронӣ ва табодули назар карданд.