ЛЕВАКАНТ: МОРО ФАРЗАНДИ ХУД ҲИСОБЕД
Бахшида ба Рӯзи Модар, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант-Шодихон Сафарзода ва директори Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳр Ҷаҳонгири Бобоҷон бо савғову туҳфаҳо ба аёдати модари афсари марҳум Ибодуллои Убайдулло, ки зимни адои вазифаи хизматӣ ҳалок гашта буд рафта, ӯро аёдат ва ба Рӯзи Модар табрик намуданд. Онҳо ба модар гуфтанд, ки моро ба ҷойи бародарамон Ибодулло фарзанди худ ҳисобед. Агар имрӯз ӯ дар бари мову шумо набошад ҳам хотираи некаш ҳамчун қаҳрамон дар ёдҳоямон ҳамеша боқист.
Инчунин боз чанд модари сарбозоне, ки зимни адои хизмат ҷароҳат бардоштаанду барои ватану модар ҷони худро зери хатар мондаанд аз тарафи масъулини бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳр аёдат, кумак ва туҳфагузориҳо шуданд.
Ин иқдоми шоистаро модарои аёдатшуда, хислати ҷавонмардӣ ва қадршиносӣ дониста сипосгузорӣ намуданд.