ЛЕВАКАНТ: ХОЛАИ САИДМОҲ-БЕҲТАРИН ТУҲФА ДИДОРИ ПИСАРИ САРБОЗАМ МЕБОШАД

.

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар Аксияи «Туҳфаи сарбоз ба модар» ташкил гардид. Дар доираи ин ташаббус Ҳакимов Ислом ҷавонписари шаҳри Левакант, ки дар Қисми ҳарбии 6592-и Қушунҳои дохилии ВКД дар шаҳри Турсунзода адои хизмати Модар-Ватан мекунад, ба назди модар ва хонаводааш оварда шуд.

 

Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Левакант-Шодихон Сафарзода, директори Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳр-Ҷаҳонгири Бобоҷон сокини шаҳри Левакант, деҳаи Сарбанди ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» Ҳакимова Саидмоҳро дар доираи Аксияи «Туҳфаи сарбоз ба модар», ки аз тарафи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варшиш ба роҳ монда шуда буд, бахшида ба Рӯзи Модар хеле шод гардониданд.

Онҳо ҳангоми ворид шудан ба хонаи холаи Саидмоҳ пурсидан, ки дар Рӯзи Модар чи туҳфаро интизоред, ӯ гуфт, писарам дар хизмати Модар-Ватан мебошад, агар ӯ дар наздам мебуд беҳтари туҳфа меҳисобам. Ногаҳон холаи Саидмоҳ писари сарбозашро бо гулдаставу туҳфа диду хеле шод гашт. Гуфт, ки ин ҳолати ногаҳониро ҳеҷ бовар надоштам. Модару писар ҳамдигарро ба оғуш гирифта ҳолпурси намуданд. Инчунин ӯ аз тамоми он касоне, ки чунин иқдомро гирифтанд самимона миннатдорӣ намуд.

Бояд гуфт, ки Ҳакимов Ислом писари ҷавонмарди холаи Саидмоҳ алҳол сарбози Қисми ҳарбии 6592-и Қушунҳои дохилии ВКД дар шаҳри Турсунзода адои хизмати Модар-Ватан мекунад, ки ӯ баъди хатми донишгоҳ ихтиёран ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайвастааст ва 11-моҳ мешавад, ки хизмати Модар-Ватанро ба ҷо меорад. Мо ифтихор мекунем, ки чунин ҷавонмардонро дорем ва сарбаландона ба Артиши кишвар мепайванданд.