Вохӯрӣ бо аҳолӣ

.

Ҳамасола  Паёми Президенти кишвар  пеш аз ҳама ба таъмин кардани рушди устувори иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, беҳбудӣ ба бахши ҳифзи иҷтимоӣ ва табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои тарбияи солиму бомаърифати фарзандон ва дигар паҳлуҳои макроиқтисодии кишвар равона карда мешавад. Барои дар амал татбиқ намудани Паёми Президенти кишвар имрӯзхо дар ҷамоатҳои деҳот, ташкилоту муассисаҳои шаҳри Левакант тибқи нақша чорабиниҳо бо намояндагони мақомоти маҳаллӣ суҳбату вохӯриҳо доир гашта истодаанд. Чунин як вохӯрии судманд бо сокинони ҷамоати деҳоти  «Гулистон» бо иштироки раиси шаҳр З.Давлатзода баргузор карда шуд. Раиси шаҳр  дар суҳбат бо  сокинон   ҷиҳати Паёми Пешвои миллат андеша баён карда, аз ҷумла иброз доштанд, ки воқеан ҳам  Паёми ҳамасолаи  Роҳбари  давлат дар ҳамаи самтҳо роҳнамои  ҳар фарди ҷомеа  мебошад. Аз ҷумла, эълон гардидани  солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз он шаҳодат медиҳад, ки   бо талошҳои Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баланд бардоштани некуаҳволии халқ  тадбирҳои судманд амалӣ карда мешавад. Ҷиҳати дастгирӣ ва амалӣ сохтани иқдому ташаббусҳои неки Сарвари давлат дар самти ҷалби соҳибкорони ватанӣ, шахсони  хайрхоҳу ҳимматбаланд  дар корҳои ободониву бунёдкорӣ, рушди инфрасохтори деҳот, ҳунарҳои мардумӣ, бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ имрӯз дар шаҳри Левакант  як қатор нақша чорабиниҳо тартиб додашуда, дар амалишавии онҳо шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Ҳозирин дар суҳбат бо раиси шаҳр ба  суолҳои худ посухҳои қаноатбахш гирифтанд. Раиси шаҳр  аз иштирокдорон даъват ба амал овард, ки  бояд ҳамагон ҷиҳати татбиқи  Паёми Пешвои муаззами миллат,ки он  ҳамчун стратегияи ҳадафманд баҳри рушди соҳахои мухталифи ҷомеа пешбинӣ шуда, пеш аз ҳама ба хотири ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ нигаронида шудааст, саҳмгузор бошанд.