Вохӯрии раиси шаҳр бо саҳмдорон
Рӯзи 17-уми июн раиси шаҳри Левакант Давлатзода Зарина дар якҷоягӣ бо муовини якуми раиси шаҳр Абдулмуминзода А., раиси Ҷамоати деҳоти «Гулистон» Ҳалимзода С., роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар масъулини соҳа аз Кооперативи истеҳсоли тухмипарварии «Боҳтуробод» дидан намуда, бо рафти корҳои саҳроӣ аз наздик ошно гардиданд.
Зимни шиносоӣ раиси шаҳр хусусан ба ҳолати имрӯзаи заминҳои пахта, коркарди байни қаторҳо, сари вақт додани озуқа, дуруст ба роҳ мондани обрасонӣ, самаранок истифода намудани замин ва ҳоказо диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, ба Аҳмад Қурбонов, раиси хоҷагии мазкур бобати рафъи камбудиҳои ҷойдошта маслиҳатҳои муфид дод.
З. Давлатзода бахусус нашъунамои пахтаи бригадаҳои Маҳмадулло Икромов ва Музаффар Раҷабовро хуб арзёбӣ намуд. Ба раиси шаҳр хабар доданд, ки ин хоҷагӣ аз 296 га заминҳои дар ихтиёрдоштааш дар 208 га кишти пахта гузаронидаанд. Бригадаи Маҳмадулло Икромов, ки камобеш 50 саҳмдор дорад дар 48 га пахта кишт намуда, ҳамасола дар таъмини саривақтии нақшаи ҷамъварии ҳосили пахта нақши муҳим мегузорад.
Раиси шаҳр инчунин ҳолати имрӯзаи гармхонаҳои хоҷагӣ, рафти кишти такрорӣ ва ҷамъоварии ҳосили сабзавотро санҷида баромада, сари вақт ва босифат анҷом додани кишти такрориро талаб намуд. Сипас дар миёни раиси шаҳр ва саҳмдорони хоҷагӣ суҳбати рӯ дар рӯ ва озод сурат гирифт. Давлатзода аз зиндагиву рӯзгори онҳо пурсон гардида, барои бардоштани ҳосили фаровон ба онҳо муваффақият орзу намуд ва барои ташкил кардани шароити беҳтари кор, сари вақт пардохт намудани ҳақи чинаки пахта ва ҳавасманд намудани чинакчиёни беҳтарин ба роҳбари хоҷагӣ супоришҳо дод. Саҳмдорони хоҷагӣ низ изҳор доштанд, ки бо дастгирии роҳбари хоҷагӣ Аҳмад Қурбонов дар рафти корҳои саҳроӣ ва бахусус зимни ғунучини ҳосили пахта бо хӯроки гарм ва ҷойи истироҳат таъминанд.