Вохӯрӣ дар деҳаи Зағиртут
Бо мақсади тезонидани суръати сохтмони иншоотҳои ҷашнӣ рӯзи 19.06.2019 вохӯрии раиси шаҳр Давлатзода З.Д. бо соҳибкорон ва аҳолии деҳаи Зағиртути ҷамоати деҳоти “Ваҳдат” доир гардид.
Дар рафти мулоқот раиси шаҳр нахуст атрофи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва то ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода супоридани иншоотҳои маданию маишӣ, таъмири роҳи деҳа андешаронӣ намуда, аз ҷамъомадагон ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ даъват ба амал оварданд.
Инчунин доир ба эҳёи анъанаҳои миллӣ, аз қабили сабадбофӣ, қуроқдӯзӣ, сӯзанидӯзӣ ва чакандӯзӣ суҳбат ороста, қайд карданд, ки насли наврасро низ дар руҳияи хештаншиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ тарбия намуд.
Дар навбати худ сокинони деҳа низ барои дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати кишвар изҳори миннатдорӣ намуда, ваъда доданд, ки дар рушду ободии як гӯшаи зебои Ватан-деҳаи худ саҳми босазо гузошта, ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатиро сазовор пешвоз мегиранд.