Давлатзода дар дарсҳои хонандагон иштирок кард

.

31-уми август, раиси шаҳр Давлатзода Зарина, ҷиҳати ошно шудан ба дониши хонандагон дар дасҳои хонандагони синфҳои 6 ва 10-и Литсейи давлатии №2 ширкат намуд. Раиси шаҳр дар ҳузури омӯзгорон, директории муассиса ва мудири бахши маориф бо хонандагони сифи шаш дар хусуси муқадасоти миллӣ,  ҷашнҳои давлатӣ ва ҳаёту корнамоиҳои Қаҳрамонҳои Тоҷикистон  суолу ҷавоб намуда, ҳамзамон таъкид намуд, ки дар шароити вазъи ногувори таҳдидкунандаи бемории сироятии коронавирус ба қоидаҳои  бехдоштии  тандурустӣ риоя намоянд. Инчунин Давлатзода, дар рафти дарси таърихи синфи 10 иштирок намуда, ба сатҳи дониши хонандагон баҳои хуб дод.