Аёдати ниёзмандон аз ҷониби Давлатзода Зарина

.

Имрӯз 4-уми декабр, дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси шаҳри Левакант, Давлатзода Зарина, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, Воҳидзода Ҷамшед, мудири бахши занони МИҲД шаҳр, Халилова Нуқра ба аёдати ниёзмандон рафтанд.

 

Раиси шаҳр, аввалан ба хонаи шоир Дарвешов Музафар рафта, аз ҳолу аҳволи эшон хабар гирифта, бо як миқдор маводи ғизоӣ аз қабили орд, равған, картошкаю пиёзу сабзӣ кумак намуданд.

Ёдовар мешавем, ки шоир Дарвешов Музафар наздики як сол мешавад аз сабаби фишорбаландӣ ба бемории фалаҷи дасту пой гирифтор шудааст. Ӯ имрӯз мавриди таваҷҷуҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант қарор дошта, аз кумакҳои тиббию модию молӣ пайваста бархурдор аст.

Инчунин дар идомаи ин кори хайр ва инсондӯстона раиси шаҳр, Давлатзода З. бо дигар намояндагони Мақомот, ба аёдати оилаи марҳум Каримов Дилшод рафтанд. Ва хонаводаашро  ҳамчун кумак бо орду равған ва дигар анвои ғизоӣ таъмин намуданд.

Боиси зикр аст, ки шодравон Каримов Дилшод собиқ корманди раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ш. Левакант буда, ҳангоми адои вазифа ба ҳалокат расидааст. Оила ва фарзандони марҳум ҳамеша аз ҷониби МИҲД-и шаҳри Левакант дастгирӣ меёбанд.

Бояд гуфт, ки чунин иқдом, яъне дасти кумак дароз кардан ба ниёзмандон пайваста аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сурат мегирад.