Боздиди муовини Сарвазир аз ҶСК «Азот»
2-юми декабр, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Усмоналӣ, аз рафти корҳои барқарорсозии ҶСК «Азот» боздид ба амал оварданд. Ин сафар дар ҳоле сурат гирифт, ки 10-уми ноябр, сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни сафари кории худ, ба масъулини ҶСК «Азот» дастур дода буданд то ҳарчи зуддтар дар пайи фаъол намудани ин корхонаи азими нафърасон бошанд.
Бояд гуфт, ки ҶСК «Азот» аз чунин коргоҳҳои истеҳсолӣ ва ёрирасон иборат аст: коргоҳи аммиак; коргоҳи карбамид; коргоҳи буғу обтаъминкунӣ; коргоҳи таъмири механикӣ; коргоҳи барқтаъминкунӣ; коргоҳи таъмири таҷҳизотҳои барқӣ; коргоҳи асбобҳои назоратию ченкунанда ва автоматика; шуъбаи назорати техникӣ; ташхисгоҳи марказонидашудаи корхона; коргоҳи нақлиётӣ; коргоҳи таъмирию сохтмонӣ; ташхисгоҳи санитарӣ; взводи ҳарбикунонидашудаи газнаҷотдиҳӣ ва амбори марказӣ.
Боиси зикр аст, ки ин корхона, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кутоҳтарин фурсат ба фаъолияти пурра пардохта, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсояро низ бо нуриҳои менералӣ таъмин менамояд.