Бозбини аз китобхонаи Агентии нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ дар ш. Левакант

.

Имрӯз 4-уми декабр, раиси шаҳри Левакант Давлатзода З. бо гурӯҳи кори, аз китобхонаи Агентии нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ дар шаҳри Левакант, дидан намуд. Китобхонаи Агентӣ дорои тамоми шароити зарури буда, аз он ҳамарӯза кормандони ин ниҳод ва мизоҷон истифода мебаранд.

 

Раиси шаҳр, ба маъмурияти Агентии нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ дар шаҳри Левакантбуда супориш доданд, ки шумораи асарҳои пумуҳтаворо зиёд намоянд. Зеро нафақагирон ва мизоҷон имкон доранд, ки аз ин китобхона истифода баранд.

Бояд гуфт, ки иншооти мазкур бо маблағҳои муттамаркази ҷумҳуриявӣ бо арзиши 2,6 милион сомонӣ сохта мавриди истифода қарор дода шудааст ва фармоишгари иншооти мазкур Агентии нафақа ва суғуртаи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Пудратчӣ ҶДММ «Ҳокими Чорбоғ»и шаҳри Душанбе мебошад.