Ҳунарҳои мардумӣ рушд меёбанд

.

5-уми декабр, раиси шаҳри Левакант Давлатзода З., роҳбари дастгоҳи раис, Воҳидзода Ҷ. ва намояндагони дигар бахшу шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, аз фаъолияти як зани ҳунарманди деҳаи Зағертути Ҷ/Д. «Ваҳдат» Ашурова Гулчиной, ки ба сабатбофию ҳар гуна сӯзанидӯзӣ машғул аст, ошноӣ пайдо карданд.

 

Зикр шуд, ки ин бонуи ҳунарманд, аз модару хушдомани худ чунин ҳунарҳоро омӯхта имрӯз бахшида ба Солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ҳунари худро ривоҷ медиҳад. Ашурова Гулчиной бо ҳунари худ алакай дар шаҳри Левакант ва дигар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон шуҳрат пайдо карда, ҳунарҳои мардумиро имрӯз ба шогирдонаш меомӯзонад.

Раиси шаҳр ба масъулин дастур доданд, ки барои ривоҷи ҳунармандӣ ба ин бонуи ҳунарманд имконият фароҳам оваранд, то дар оянда ҳунарҳои мардумӣ рушд ёбанд.