Қабули сайёри Давлатзода З. бо сокинони деҳаи Зағертут

.

Имрӯз 5-уми декабр, қабули сайёри раиси шаҳри Левакант, Давлатзода Зарина Дилмурод, барои муроҷиати шаҳрвандон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и деҳаи Зағертути Ҷ/Д. «Ваҳдат» баргузор шуд.

 

Сокинони деҳаи Зағертут, аввалан аз таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва соҳибкорони ватанӣ оилаи Соҳибовҳо, барои мумфарш намудани 13км. роҳ ва дасти кумак дароз кардан ба аҳолии ниёзманди деҳа изҳори сипос намуданд. Сипас масъалаҳои марбут барои беҳбудии деҳаро ба раиси шаҳр ва мудирони бахшу шуъбаҳои Мақомот, пешкаш карданд.

Давлатзода Зарина ба сокинони деҳа гуфт, ки ба мушкилоташон вобаста ба имконият дар кутоҳтарин фурсат расидагӣ мекунанд. Ҳамзамон аз сокинони деҳа даъват ба амал оварданд, ки дар корҳои ҷамъиятию ободонӣ бетараф набошанд. Инчунин аз тарафи раиси шаҳр, ба иштирокдорон як адади китобчаи матни Савганди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишонаи арзи эҳтиром ҳамчун ёдоварӣ тақдим гардид.

Сокинони деҳа дар навбати худ ваъда доданд, ки дар корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба сиюмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузорӣ мекунанд.