ЛЕВАКАНТ: ВАРЗИШ БА ИНСОН МАНФИАТИ БЕШТАР ДОРАД
Маъмурияти Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Левакант, тибқи нақша-чорабинии кории худ бо ҷавонони варзишгар ва дастпарварони Муассиса вохӯрӣ намуданд. Ин вохӯрӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳр сурат гирифт.
Дар ин вохӯрии нақшавӣ директори МДМВ-Ҷаҳонгири Бобоҷон ҷавононро таъкид намуд, ки варзиш аз ҳар лиҳоз ба инсон манфиати бештар дорад. Ҳар як ҷавон бояд баҳри саломатии худ ба варзиш машғул гардад. Зеро танҳо варзиш метавонад одамро солиму бардам ва зебо нигаҳ дорад.
Инчунин Ҷаҳонгири Бобоҷон баҳри пешгири аз одатҳои бад миёни наврасону ҷавонон, пешгири аз омилҳои номатлуб ва гаравиши ҷавонон ба ҳаракату гурӯҳҳои тундрав фаҳмондадиҳӣ намуд.