ЛЕВАКАНТ: КУМАК БА НИЁЗМАНДОН АМАЛИ ХАЙРУ САВОБ
Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дасти кумак дароз кардан ба ниёзмандон, бо ташаббуси МИҲД-и шашри Левакант, аз тарафи бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии Мақомот, ба се нафар шахсони имконияти маҳдуддоштаи шаҳр аробачаҳои маъюбӣ кумак карда шуд.
Дар ин бора аз бахши ҳифзи иҷтимоии Мақомоти иҷроия хабар дода гуфтанд, ки аробачаҳо ба як сокини ҷамоати шаҳраки "Сарбанд" ва ба ду нафар аз ҷамоати деҳоти "Гулистон" тақдим шудааст. Ин иқдом идома дошта, тамоми ниёзмандон аз кумакҳои иҷтимоӣ бархурдор хоҳанд гашт.