КУМАК БА НИЁЗМАНДОН
Рӯзи 26-уми ноябр кормандони Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ бо роҳбарии директори Марказ Ҷумахон Нигматов ба аёдати истифодабарандаи хизматҳои иҷтимоӣ Сайдалиева Гавҳарбӣ, ки бо амри тақдир аз чашми бино маҳрум шудааст, рафта, ба ӯ дар тозаву озода намудани бинои истиқоматиаш ва омода захираи сӯзишворӣ барои зимистонгузаронӣ кӯмак намуданд.
Гуфта мешавад, ки чунин иқдом бо мақсади беҳтар намудани шароити зисту зиндагии шахсони ба ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта амалӣ карда мешавад.
Дар ин рӯз ҳамчунин бо дастгирии шахси саховатманд як миқдор маводи ғизоӣ низ расонида шуд.