ЛЕВАКАНТ: ВОХӮРӢ БО ДОНИШҶӮЁНИ «ЛКСК»-И ШАҲР

.

Имрӯз 26-уми ноябр, тибқи нақша-чорабинии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, гурӯҳи корӣ бо донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии «ЛКСК»-и шаҳри Леваканти ДБССТ вохӯрӣ гузарониданд.

 

Ҳайати гурӯҳи корӣ раиси Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнат-Султонов Ҳикматулло, иҷрокунандаи вазифаи мудири бахши кор бо занон ва оила-Эшова Боғигул, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш-Шодихон Сафарзода, директори Маркази ТТҲС-Акрамова Суман, директори МДТ «ЛКСК»-Сафарзода Умед ва дигарон дар ҳар як аудитория бо донишҷӯён суҳбат гузарониданд.

Суҳбату вохӯриҳо бо донишҷӯён вобаста ба пешгирии ҷавонон аз ҷиноят, одатҳои бад, омилҳои номатлуб, хурофотпарастӣ, бегонапарастӣ, пешгири аз бемориҳои сироятӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, ҷалби ҷавонон ба хизмати Модар-Ватан дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мавзуҳои доғи рӯз сурат гирифт.

Инчунин ҳайати гурӯҳи корӣ дар як аудиторияи дигар махсус бо духтарони муассиса суҳбат гузаронида, корҳои фаҳмондадиҳӣ намуданд.

Аз тарафи гурӯҳи корӣ гуфта шуд, ки бояд дар ҷомеаи имрӯза занону духтарон маълумотнок ва соҳибкасб бошанд. Аз ин хотир давлату Ҳукумат ва бевосита Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба занону бонувони мо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҳамеша баҳри баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа таъкидҳои махсус менамоянд. Дар робита ба ин бояд ҳар як ҷавондухтар шаъну шарафи худро ҳифз намуда, тамоми қудрату неъруи худро баҳри донишомӯзӣ сарф намояд. Ба бегонапарастию одатҳои бад даст назанаду шаъну шарафу эътибори худ ва наздиконро паст назанад.