ЛЕВАКАНТ: РИОЯИ ҚОНУН ҲАТМИСТ

.

Дар низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ислоҳоти ҳуқуқӣ гузаронида шуд. Дар баробари пешрафти соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ вазъи ҷомеа низ тағйир ёфта, барои ба танзим даровардани муносибатҳои муҳимми ҷамъиятӣ зарурати қабули қонунҳои нав ва ё ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда, бо мақсади ба талаботи нави муносибатҳои ҷамъиятӣ мутобиқ гардонидани онҳо пеш меояд. Шаҳодати яке аз ин ҳолатҳо дар таҳрири нав қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» аз 20 июни соли 2024 маҳсуб мешавад.

 

25-уми ноябр, Зоирзода Комилҷон, прокурори шаҳри Левакант, мушовири адлия дараҷаи 1, ҷиҳати дар амал татбиқ гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» бо мудирони шуъбаю бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, масъулини соҳаи маориф, директорони муассисаҳои таълимӣ ва фаъолони шаҳр вохӯрӣ гузаронид.

Дар вохӯрӣ вобаста ба санҷиши муассисаҳои таълимӣ ва дигар ташкилоту корхонаҳо аз ҷониби прокуратураи шаҳр, ҷиҳати иҷрои талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» прокурори шаҳр-Зоирзода Комилҷон бо факуту далелҳои дақиқ ибрози назар намуда, таъкид дошт, ки ҳеҷ як роҳбар омӯзгор ё каси дигар ҳуқуқ надорад, ки талаботҳои қонуни мазкурро сарфи назар кунад. Дар сурати қонуншиканӣ ҷавобгарӣ пешбини шудааст, ки оқибати хуб надорад.

Ҳамзамон прокурори шаҳр дар ин вохӯрӣ зикр намуд, ки ҳанӯз соли 2011 бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гардида буд. Аз қабул ва амали қонуни мазкур 13 сол сипарӣ гардид ва ба он 5 маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Нақш ва манзалати ин қонун дар тақвияти масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд басо муҳим ва назаррас арзёбӣ мегардад.

Ҳамзамон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар аз 9 марти соли 2024 баён намуданд, ки «Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳамчун арзиши олӣ муносибат намуда, барои амалӣ гардонидани онҳо усулу воситаҳои заруриро дар сохтори давлатӣ ташаккул дод. … Қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз ҷумлаи иқдомоти дар ин самт амалигардида мебошанд».

Бояд гуфт, ки надонистани қонун шахсро аз ҷавобгари озод намекунад, аз ин лиҳоз риояи талаботҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон а ҷониби ҳар шаҳрванд ҳатми мебошад.