ПАРЧАМИ ВАТАН ПАРАФШОН БОД!
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар муқаддасоти миллӣ нишон, суруди миллӣ насиби мо мардуми сарбаланди тоҷик гардид.
Имрӯз мо ифтихор аз он мекунем, ки соҳиби Парчами худ ҳастему бо доштани он давлату миллати худро муаррифӣ менамоем. Ифтихормандем, ки дар қатори аксар давлатҳои дунё Парчами Тоҷикистон ҷилва мекунад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми сафарҳои хизмати ба хориҷи дуру наздик Парчами давлатиро бо худ мебаранду ҳангоми мулоқоту баромадҳо Парчами Тоҷикистон барафрохта мешавад, ки ин фахри миллат мебошад.
Варзишгарон низ дар тамоми мусобиқаҳои варзишии сатҳи ҷаҳони бо худ Парчам мебаранду ҳангоми ғолибият ҳамчун рамзи хештаншиноси онро баланд мебардоранд.
Имрӯз дар пештоқи тамоми вазорату сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар хориҷи кишвар, пештоқи идораву ташкилоту корхонаҳо ва ҷойҳои ҷамъияти Парчам барафрохта шуда ҳамаги барояш арҷу эҳтиром мегузорем. Бигзор, ки ҳамешаву мудом Парчами мо ҷилвагар бошаду дар осмони кишварамон кабудтари сулҳ парафшони кунад.
Рӯзи Парчам муборак ҳамдиёрони азиз!
Ҷаҳонгири Бобоҷон-директори Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Левакант