ИФТИХОР АЗ ПАРЧАМДОРИ МЕКУНЕМ

.

Тоҷикистон, номи ту бар арши аъло мебарем,

Парчаматро боз боло, боз боло мебарем.

Таърих гувоҳ аст, ки аввалин миллати парчамдор, тоҷикон буданд. Дар

,,Шоҳнома,,-и безаволи Фирдавсии Тӯсӣ, дар қисми аввалинаш ,,Афсонавӣ,(Мифалогӣ) замоне, ки Фариддун шоҳ писари Отибин ва Фаромак дар ғорҳою марғзорҳо бо шири гови кабуд бо номи Бармоя калон шуд, дар Албурзкӯҳ дар лонаи Симурғ, бузург гардид ва бо як қувваи азими Ватандӯстонааш бар зидди Заҳҳоки аждаҳо пайкар ба набард баромад. Мардуми дар зери фишори ин шоҳи Аҳриманпеша бударо сарҷамъ намуд, Коваи оҳангар, кӣ ҳаждаҳ фарзандаш қурбони морони ин шоҳи зулмкор шуда буданд пешдомани чарминашро дар сари найза зада бар зидди Заҳҳоки Аждаҳо пайкар ба набард мебарояд, ки то ин замон бо номи Дирвши Коваёнӣ маъруф аст.

 

Боиси ифтихор ва фараҳмандист, ки мо миллати тоҷик, дар фазои сулҳу суботи сартосарӣ, зери ливои башардӯстонаи Пешвои маҳбуби миллатамон, сиёсатмадори арсаи ҷаҳонӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиндагӣ ва фаъолият менамоем.

Тантанаи рӯзи ,,Парчами миллӣ ба тамоми ҳамдиёрони азизу арҷмандамон муборак бошад.

Худо кунад, ин саҷамъию хушрӯзиҳо ҳамеша дар Ватани маҳбубамон ҷовидона ҳукмрон бошад.

Мурғи Ҳумо барои ҳамешагӣ дар ин диёр лонаи абадӣ гузорад.

Кабутарони Сулҳофар дар фазои диёри арҷмандамон парафшонӣ намоянд !

Рӯзи Парчами Ватан мубораку фархунда бошад.

Маснавиева Фазиламоҳ-директори МТМУ рақами 1-и шаҳри Левакант

Возможно, это изображение 1 человек