ЛЕВАКАНТ: Таҷлили Рӯзи Парчам дар Литсейи давлатии №1

.

Имрӯз 23-уми ноябр, бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақша-чорабинии бахши маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Литсейи давлатии №1, таҳти унвони «Парчамат бодо парафшон Тоҷикистон» чорабинии идона баргузор гардид.

 

Дар чорабинӣ масъулини бахши маориф, директорону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ иштирок намуданд.

Мудири бахши маорифи шаҳр-Раҳимов Файзулло дар оғози чорабинӣ бахшида ба Рӯзи Парчам дар мавзуи «Парчам рамзи худшиносии миллат» баромад намуда, тамоми иштирокдоронро ба ин рӯзи фархунда табрик намуд. Ӯ зимни баромади худ иброз дошт, ки Парчами давлатӣ барои мо-тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдату ҳуввият ва дастоварди бузурги миллӣ буда, беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар руҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихию фарҳангии халқамон мебошад. Бинобар ин лозим аст, ки ба ин дастоварди миллӣ ҳамеша эҳтиром гузорем, онро муқаддас донему бо арҷгузорӣ ба он ваҳдати милливу якпорчагии кишвари азизамонро таҳким бахшем, ҳифзу нигаҳдошти парчамро рисолати шаҳрвандӣ ва қарзи ватандорӣ донем.

Сипас Компазитсияи идона бахшида ба Рӯзи Парчам аз ҷониби хонандагони муассисаҳои таълимӣ манзури иштирокдорони чорабинӣ гардонида шуд.

Бояд гуфт, ки чунин тарзи истиқбол аз Рӯзи Парчами миллӣ ва ҷашнгирии ин рӯзи фархундаи миллат аз худшиносию худогоҳии насли наврасу ҷавон ва умуман сокинони мамлакат мебошад.

Ниёзӣ «Нури Сарбанд»