ЛЕВАКАНТ: САЙЁҲАТИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМ

.

Имрӯз 21-уми ноябр, тибқи нақша-чорабинӣ бахшида ба Рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарбиятгарандагони муассисаҳои давлатии таълимии томактабии шаҳри Левакант сайёҳати идона ташкил карда шуд.

 

Ба хотири эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва бедор кардани ҳисси худогоҳию хештаншиносӣ ба наврасон бо иштироки худи кӯдакон ва мураббияҳои муассисаҳои томактабӣ дар кӯчаи марказии шаҳр гузашти идона баргузор шуд.

Кӯдакони парчамбадаст бо завқи баланди кӯдакии худ дар васфи Парҷам, Тоҷикистону Ватан ва дигар зебогиҳои диёр шеърхонӣ намуда, сайёҳати идона карданд.

Дар ин рӯз онҳо дар гулгашти Парчам ва кӯчаҳои шаҳр сайри идона намуда аз Рӯзи Парчами миллӣ истиқбол гирифтанд.

Бедор кардани ҳисси миллӣ, худшиносию худогоҳӣ, арҷгузори ба муқадасоти миллиро бояд аз навраси ба дили кӯдак ҷо намуд.

Дар ин рӯз мураббияҳо ва дигар масулин ба кӯдакон дар бораи Парчами миллӣ нақлҳо намуда, моҳияти Парчамдориро ба онҳо фаҳмониданд.

Гуфта шуд, ки ҷашни Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиром ба рӯҳи қаҳрамонони миллат, яъне ба онҳое, ки дар тӯли таърих барои ному нанг ва марзу буми халқи тоҷик ҷоннисориҳо намуда, забон, фарҳанг ва ҳаққи давлатдории ин миллати кӯҳанбунёдро то ба замони мо расонидаанд, мебошад. Ин рӯзи муқаддас инъикосгари орзую умеди мардум ба пояндагии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бар сари миллату давлати тоҷикон то ҷовидон мебошад.