ЛЕВАКАНТ: ПАРЧАМ РАМЗИ ШИНОХТИ МИЛЛАТ

.

19-уми ноябр, бахшида ба Рӯзи Парчам, тибқи нақша-чорабинии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, гурӯҳи кории Мақомот, иборат аз раиси Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр-Султонов Ҳикматулло, собиқадори ҳифзи ҳуқуқ полковник-Мастов Абдулҳаким, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр-Шодихон Сафарзода, раиси Ташкилоти ибтидоии собиқадорони ҳифзи ҳуқуқ-Қурбонов Ҳошим, директори МТМУ №12-и шаҳр-Абдураҳимов Зоҳир, сармуҳаррири рӯзномаи «Нури Сарбанд»-Ашуров Орзу бо сокинону фаъолони деҳаи Истиқлоли ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» вохӯрӣ намуданд.

 

Дар вохӯрӣ аз ҷониби гурӯҳи корӣ гуфта шуд, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Парчами миллӣ 24-уми ноябри соли 1992 пазируфта шудааст. Ҳамакнун вазъи ҳуқуқӣ, тартиби омодасозӣ, андоза ва корбурди расмии Парчамро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №254 аз 12-уми майи 2007 «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар мекунад.

Дар асоси Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 11-уми декабри соли 1999 бо Қарори №892 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст. Инчунин дар вохӯрӣ зикр шуд, ки таърихи пайдоиши парчам ҳамчун рамзи миллӣ ва давлатдорӣ ба давраҳои бостонии таърих рафта мерасад.

Ҳамзамон гурӯҳи корӣ вобаста ба вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳон ва Таҷикистон, пешгири аз омилҳои номатлуб, хурофотпарастӣ, бегонапарастӣ, арҷгузори ба муқадасоти миллӣ, тарбияи дурусти фарзанд, сарфаю сариштакории неруи барқ, замин ва дигар сарватҳои табии фаҳмондадиҳӣ намуданд.