ҶАЛАСАИ ҚИСМАТСОЗ

.

Паёми табрикии раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ ба муносибати 32-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамватанони азиз!

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлати ҷавони тоҷикон нақши бағоят арзишманд дорад.

Даҳсолаи охири асри 20 бузургтарин имтиҳон пешорӯи мардуми тоҷик ва тоҷикистониён буд. Имтиҳони раҳоӣ аз нестӣ, имтиҳони ҳифзи соҳибистиқлолӣ, имтиҳони давлатсозӣ.

 

Оташи ҷанги таҳмилӣ кишварро фаро гирифта буд.

Он замон ғайр аз Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар ягон сохтори давлатие намонда буд, ки салоҳияти худро дуруст иҷро карда тавонанд. Охирин умеди ҳама ба иродаву фаҳму дарки вакилони парлумонӣ монда буд. Вазъият ба ҳадде мушкил буд, ки ҳатто баъзе сохторҳои қудратии кишвар мавқеи бетарафиро ишғол намуда, қисман, гурӯҳҳои алоҳидаро ҳимоя менамуданд.

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16-уми ноябри соли 1992 то 2-юми декабри ҳамон сол пеш аз ҳама бо мақсади барқарор кардани ҳокимияти конститутсионӣ доир гардида буд.

Аввалин масъалаҳои ҳаётан муҳимме, ки дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуда буданд, тадбирҳо барои ба эътидол овардани вазъи ҷамъиятию сиёсӣ дар ҷумҳурӣ, барқарор кардани ҳамаи шохаҳои ҳокимият дар тамоми минтақаҳои мамлакат, таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ, таъсиси артиши миллӣ ва қувваҳои сарҳадӣ барои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон, таъмини амнияти давлатӣ ва пуштибонӣ аз дастовардҳои истиқлолият, ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ ва аз буҳрон баровардани кишвар, интихоби раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайраҳо буданд. Пеш аз ҳама умеди ягона интихоби роҳбаре буд, ки баҳри таъмини сулҳу ваҳдат чорае андешида тавонад. Иҷлосия на дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе, балки дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд баргузор шуд, зеро вазъияти пойтахт ниҳоят мураккаб буд.

Шукр, ки Иҷлосия баргузор гашт ва гурӯҳи вакилони солимфикр барои тақдири миллат бо ҳисси баланди масъулият дар интихоби Роҳбари арзанда хато накарданд.

Дар Иҷлосия барои интихоби Раиси Шӯрои Олӣ номзадии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамовозӣ пайдо кард. Роҳбари ҷавон дар аввалин суханрониҳои худ аз минбари баланд даъват карданд, ки бояд ҳарчи зудтар пеши роҳи хунрезиро бигирем ва ин аз ҳар яки мо дар ин толор нишастаҳо вобастагӣ дорад. Оғози роҳ барои Роҳбари ҷавон дар чунин вазъ осон набуд. Дар он давр ба мардум ҳақиқат ва таҳдиду хатарҳои замонро фаҳмондан лозим меомад. Он замон роҳбаре лозим буд, ки ҷони худро баҳри сарҷамъии миллати тоҷик ва эмин нигоҳ доштани давлати ҷавони соҳибистиқлоли Тоҷикистон нисор кунад. Ҳар лаҳза хатар буд. Роҳбари ҷавон ҳастияшро барои миллат бахшид. Он замон ҳатто баъзан гурӯҳҳои хоин дар фикри порча-порча намудану фурӯхтани кишвари ҷавони Тоҷикистон буданд. Роҳбари ҷавон такя бар халқ намуданд, мардумро ба гурӯҳҳо ҷудо накарданд, тақсим насохтанд. Аввалин қадамҳои раванди сулҳро аз он Ҷаласаи қисматсоз – Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ оғоз намуданд. Қумондонҳоеро, ки зидди ҳамдигар дар минтақаҳо меҷангиданд, гирд оварданд, ба сулҳ даъват карданд, Оши оштӣ доданд. Ин бисёр хатарнок буд, аммо наҳаросиданд. Бо Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон қасамашон доданд, то ба Ватани худ хиёнат накунанд, силоҳҳои худро гузоранд, даст ба дасти ҳамдигар бигиранд. Роҳбари давлат шабу рӯз роҳат надоштанд, тамоми ҳастияшонро барои халқи азиз бахшида буданд. Дар аввалин қадамҳо ба хотири ваҳдат ба сӯи мухолифин даст дароз карданд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон гуфта буданд, ки агар таърихро варақгардон намоем, дар ҳама гуна муборизаҳои сиёсии дунё мушкилоти асосӣ бар дӯши халқ аст. Агар сиёсати сиёсатмадорро мардум дастгирӣ накунад, ӯ ҳеҷ аст. Барои ин бо халқ наздик будан лозим. Хиёнат кардан лозим нест.

Баргардонидани фирориён кори осон набуд. Шахсан чандин маротиба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми гурезаро ба Ватан даъват карданд: “Бародарону хоҳарони дур аз Ватан, ба Ватан баргардед. Мо ба Шумо кӯҳи тилло ваъда намедиҳем, аммо як бурида ноне, ки дорем якҷоя мехӯрем, як қатра обе, ки дорем якҷоя менӯшем. Шуморо хонаатон, заминатон, боғатон, мактабатон ва хешовандону наздиконатон интизор аст”.

Агар беғаразона назар андозем, хуб медонад, ки куҷо будем, чӣ ҳол доштем ва имрӯз ба куҷо расидем. Имрӯз ободию пешрафт аз пойтахт сар карда то дурдасттарин минтақаҳои Тоҷикистон бараъло ба чашм мерасад. Дар ин ҳама Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми беназир доранд. Имрӯз ифтихор мекунем, ки чунин Роҳбари оқилро дар ин Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ интихоб кардаем. Исбот шуд, ки дар интихоб хато накардем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеан ҳам халқпарваранд, ғурури миллӣ доранд ва ватанпарасти асил ҳастанд. Ба қадри ин заҳматҳо ва сулҳу ваҳдат бояд ҳар яки мо бирасем.

Ҳамватанони азиз!

Дар ин фурсати муносиб ҳамаи Шуморо ба муносибати 32-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, бароятон бахту иқболи баланд, осоиши рӯзгор ва шодию хуррамӣ таманно дорам. Бигзор дар Ватани азизамон сулҳу амният ҳамешагӣ таъмин бошад ва раванди созандагию бунёдкориҳо доиман равнақ дошта бошанд.

Саломату сарбаланд бошед!

Возможно, это изображение 2 человека и текст