ЧОРАБИНИИ БОШУКУҲ ДАР ДОНИШКАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЛЕВАКАНТ
Бо садо додани Суруди миллӣ бахшида ба Рӯзи Президент ва Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи байналмилалии Леваканти ДБССТ чорабинии идона баргузор шуд.
Дар чорабинӣ раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ, маъмурият, омузгорону донишҷӯёни Донишкада, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ иштирок намуданд.
Раиси шаҳр-Муминзода Мастура Табарӣ тамоми иштирокдоронро ба ин ду ҷашни фархунда-Рӯзи Президент ва Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд. Ӯ дар баромади худ қайд кард, ки маҳз Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ тақдири имрӯзу ояндаи миллати тоҷикро ҳал намуд. Раиси Шӯрои Оли интихоб шудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқи тоҷик умеди дубора бахшид ва роҳи минбаъдаи халқ муайян гашт.
Инчунин директори Донишкада-Баротзода Шарифхон ва дигар меҳмонон аз нақши таърихии Иҷлосия ва хизматҳои бесобиқаи Пешвои миллат барои халқи тоҷик баёни андеша намуданд.
Дар қисмати фарҳангӣ барномаи ҳунарии омодакардаи ансамбли Донишкада манзури меҳмонону иштирокдорон гардонида шуд.