ЛЕВАКАНТ: Тантанаи Рӯзи Президент ва Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ
Имрӯз 14-уми ноябр, бо садо додани Суруди миллӣ бахшида ба Рӯзи Президент ва 32-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Қасри Фарҳанги шаҳри Левакант, чорабинии идона баргузор гардид.
Дар чорабинӣ раиси шаҳр-Муминзода Мастура Табарӣ, муовин ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъбаю бахшҳои Мақомоти иҷроия, роҳбарону кормандони ташкилоту корхонаҳо, собиқадорони меҳнат ва фаъолони шаҳр, иштирок доштанд.
Раиси шаҳр-Муминзода Мастура Табарӣ дар оғози чорабинӣ тамоми иштирокдоронро бахшида ба Рӯзи Президент ва 32-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд. Ӯ зимни баромади худ зикр кард, ки дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон нақши фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бузург аст. Маҳз шахсияти Пешвои миллат буд, ки халқи тоҷик аз парокандагӣ наҷот ёфт ва то охирин гурезаи тоҷик ба Ватан баргашт. Аз ин ҷост, ки хизматҳои бузурги ӯро миллат ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард. Сулҳи тоҷикон на танҳо давлату миллатро наҷот дод, балки дар дили насли ҷавони тоҷик умед ба ояндаи нек, хушбахтӣ, ифтихори миллӣ ва ваҳдати ногусастаниро зинда намуд. Имрӯз миллати тоҷик ифтихор аз он дорад, ки дар баробари дигар халқҳои олам ҳуқуқу овози баробар дошта, ҳувияти миллии хешро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинии идона Компазитсияи идона ва барномаи рангини омодакардаи ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр, бо суруду таронаҳои ватандӯстона тақдими меҳмонону иштирокдорон карда шуд.