ЛЕВАКАНТ: МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ

.

Бо садо додани суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Левакант, бахшида ба Рӯзи Президент мусобиқаи кушод оид ба гуштини «Самбо» баргузор шуд. Дар ин чорабинии варзишӣ масъулини Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон, бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Левакант ва Муассисаи давлатии мактаби варзишӣ иштирок намуданд.

 

Дар ифтитоҳи чорабинӣ сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят-Насриддинзода Рамазон тамоми варзишгаронро ба Рӯзи Президент табрик намуда, иброз дошт, ки маҳз дар заминаи дастру супориш ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо соҳаи варзиш дар ҳоли рушд асту ҷавонони мо дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳони роҳу мавқеъ ёфтанд.

Сарвари ҷавонпарвари мо аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба насли ҷавон таваҷҷуҳи махсус намуда, ҳамеша таъкид медоранд, ки ҷавонон ояндаи давлату миллат мебошад. Аз ин хотир ҳар яки мо бояд ба қадри ин ғамхориҳои Пешвои миллатамон расида, бо саҳми назарраси худ дар ҳама самт номбардору парчамбардори давлату миллат гардем.

Сипас ғолибони мусобиқаи кушоди гуштини «Самбо» бо Ифтихорнома, медар ва туҳфаҳои хотиравӣ ҳавасманд гардонида шуданд.

Боиси зикр аст, ки дар шаҳри Левакант ҷавонон ба варзиш таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар мусобиқаҳои сатҳи вилоят, ҷумҳурӣ ва Осиёиву байналмилалӣ иштирок намуда ҷойҳои намоёнро соҳиб мегарданд.